Моддаи 40-и Кодекси Меҳнат. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо
- Шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо метавонад ҳар вақт қатъ карда шавад.
- Тарафи шартномаи меҳнатӣ, ки хоҳиши қатъ кардани шартномаи меҳнатиро бо созиши тарафҳо изҳор намудааст, ба тарафи дигари шартномаи меҳнатӣ огоҳинома мефиристад. Тарафе, ки огоҳиномаро гирифтааст, уҳдадор аст дар муҳлати 3 рўзи корӣ дар хусуси қарори қабулнамудааш ба таври хаттӣ тарафи дигарро хабардор намояд.
- Рўзи қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо бо розигии корманд ва корфармо муайян карда мешавад.
- Бо мувофиқа бо корманд дар шартномаи меҳнатӣ ҳуқуқи корфармо барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бе риоя намудани талаботи муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи мазкур бо пардохти ҷубронпулӣ ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнати солонаи корманд пешбинӣ шуда метавонад.