Главная / Ҷамъият / Муайян намудани ҳисса ҳангоми тақсими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад

Муайян намудани ҳисса ҳангоми тақсими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад

Моддаи 39-и Кодекси оила. Муайян намудани ҳисса ҳангоми тақсими молу мулкие, ки  моликияти  муштараки зану  шавҳар мебошад 

  1. Ҳангоми тақсими молу мулкие, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар дар аҳдномаи никоҳ тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Суд метавонад ҳиссаи зан ё шавҳарро дар молу мулки умумиашон бо дарназардошти манфиати фарзандони ноболиғ, инчунин фарзандони болиғи корношоями эҳтиёҷманд ё манфиати қобили таваҷҷӯҳи зан ё шавҳар, зиёд кунад. Ҳиссаи зан ё шавҳар бо назардошти корношоямии онҳо, инчунин агар яке аз онҳо бо сабабҳои узрнок даромад нагирифта бошад ё молу мулки умумиро бар зарари манфиати оила сарф карда бошад, инчунин дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ мумкин аст зиёд карда шавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Ҳангоми тақсими молу мулки умумии зану шавҳар суд бо талаби онҳо муайян менамояд, ки кадом ашьё бояд ба кадоме аз онҳо дода шавад. Агар ба зан ё шавҳар ашёе дода шавад, ки арзиши он аз ҳиссаи барои ӯ муайяншуда зиёд бошад, барои ҳамсари ӯ метавонад ҷубронпулӣ ё ҷуброни дигар муқаррар карда шавад.
  4. Қарзи умумии зану шавҳар ҳангоми тақсими молу мулки умумӣ дар байни зану шавҳар баробар ба ҳиссаи ба ҳар яки онҳо муқарраршуда тақсим карда мешавад.
  5. Ашёе, ки махсус барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони ноболиғ харида шудаанд (либос, пойафзол, лавозимоти мактаб ва варзиш, асбобҳои мусиқӣ, китобҳои кӯдакона ва ғайра) ба ихтиёри зан ё шавҳар, ки фарзандон бо ӯ зиндагӣ мекунанд, бе ҷуброн гузошта мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …