Главная / Ҷамъият / Намудҳои таъминот аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

Намудҳои таъминот аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

Моддаи 360-и Кодекси Меҳнат. Намудҳои таъминот аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

  1. Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ барои кумакпулиҳо (кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, дафн, кумакпулиҳои оилавӣ ва дигар кумакпулиҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд), дар ҳолати бесаробон мондани оила, барои собиқаи кории баъзе гурўҳҳои кормандон, барои табобати санаторӣ – курортӣ ва ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, хўроки парҳезӣ, хизматрасонии тиббӣ мувофиқи саҳми суғурта барои дигар пардохтҳо ҷиҳати тадбирҳои солимгардонию пешгирикунанда, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, харҷ карда мешавад. Харҷи маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба мақсадҳои пешбининакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
  2. Аз фонди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ қарздор будани корфармо, кормандро аз ҳуқуқи таъмини ў аз ҳисоби маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ маҳрум намесозад.
  3. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ аз ҳисоби маблағи худии корфармо ва ҳиссаҳои ихтиёрии кормандон андозаҳои зиёдтари пардохтҳо, инчунин пардохтҳои иловагии иҷтимоӣ пешбинӣ шуда метавонанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …