Главная / Ҷамъият / Мутобиқати иншоотҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, равандҳои технологӣ ва маҳсулот ба талаботи ҳифзи меҳнат

Мутобиқати иншоотҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, равандҳои технологӣ ва маҳсулот ба талаботи ҳифзи меҳнат

Моддаи 352-и Кодекси Меҳнат. Мутобиқати иншоотҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, равандҳои технологӣ ва маҳсулот ба талаботи ҳифзи меҳнат

  1. Лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди иншоотҳои истеҳсолӣ, инчунин мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ, равандҳои технологӣ ба талаботи ҳифзи меҳнат бояд мутобиқ бошанд.
  2. Сохтмон, таҷдид, азнавҷиҳозонии техникии иншооти истеҳсолӣ, истеҳсол ва татбиқи техника ва технологияи нав бе хулосаи ташхиси давлатии шароити меҳнат дар бораи мутобиқати лоиҳаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда ба талаботи ҳифзи меҳнат, инчунин бе иҷозати мақомоти дахлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат манъ аст.
  3. Иншооти нав ё таҷдидшавандаи истеҳсолӣ бе хулосаи мақомоти дахлдори назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат наметавонанд мавриди истифода қарор гиранд.
  4. Дар истеҳсолот истифода бурдани моддаҳои хатарнок ё зарарнок, мавод, маҳсулот, мол ва хизматрасониҳое, ки барои онҳо усулҳо ва воситаҳои назорати метрологӣ таҳия нагардидаанд ва баҳодии токсикологии (санитарию гигиенӣ ва тиббию биологӣ) онҳо гузаронида нашудаанд, манъ аст.
  5. Дар ҳолати истифодаи моддаҳои нави пеш дар ташкилот истифоданашудаи хатарнок ё зарарнок, корфармо уҳдадор аст, ки то истифодаи моддаҳои мазкур оид ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон тадбирҳо андешад ва онҳоро бо мақомоти дахлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат мувофиқа кунад.
  6. Мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ, воситаҳои нақлиёт, равандҳои технологӣ, мавод ва ашёи кимиёвӣ, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии истеҳсоли ватанӣ ва хориҷии кормандон бояд ба талаботи ҳифзи меҳнат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, мутобиқ ва сертификати мутобиқат дошта бошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …