Главная / Ҷамъият / Тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳнат

Тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳнат

Моддаи 350-и Кодекси Меҳнат. Тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳнат

  1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ тайёрии мутахассисонро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати фаъолият дар хадамоти ҳифзи меҳнат таъмин менамояд.
  2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ бояд омўзиши курси «Ҳифзи меҳнат» – ро барои таълимгирандагон ва донишҷўён бо назардошти хусусиятҳои истеҳсолии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ташкил намоянд.
  3. Иҷозати кор додан ба шахсоне, ки тайёрии зарурии касбӣ надоранд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида аз таълим ва аттестатсия оид ба ҳифзи меҳнат нагузаштаанд, манъ аст.
  4. Маъмурияти ташкилот уҳдадор аст, ки оид ба ҳифзи меҳнат ва баланд бардоштани ихтисоси кормандон низоми омўзиши мунтазамро ташкил намояд.
  5. Роҳбарони ташкилотҳо, муовинони онҳо, ки масъули ташкили ҳифзи меҳнатанд, роҳбарон, мутахассисони хадамоти ҳифзи меҳнат на кам аз як маротиба дар панҷ сол, бояд аз курсҳои такмили ихтисос оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат гузаранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …