Главная / Ҷамъият / Минтақаҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ ва нақлиётӣ

Минтақаҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ ва нақлиётӣ

Моддаи 35-и  Қарори шаҳрсозӣ. Минтақаҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ ва нақлиётӣ

  1. Минтақаҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ ва нақлиётӣ барои ҷойгиронӣ ва фаъолияти иншоот ва коммуникатсияи нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ, баҳрӣ, дарёӣ, қубурӣ, таҷҳизоти алоқа ва муҳандисӣ таъин гардидаанд.
    2. Бартараф намудани таъсири зараровари иншоот ва коммуникатсияи нақлиёт, таҷҳизоти алоқа ва муҳандисӣ ба муҳити фаъолияти ҳаётӣ бо риояи масофаи зарурӣ аз чунин иншоот то ҳудуди истиқоматӣ, минтақаҳои ҷамъиятию корӣ ва фароғатӣ ва дигар талабот мутобиқи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, инчунин бо меъёру қоидаҳои махсуси иморатсозӣ таъмин карда мешавад.
    3. Ободонии ҳудудҳои дар сарҳадҳои қитъаҳои замини иншоот ва коммуникатсияи нақлиёт, алоқа, таҷҳизоти муҳандисӣ ва минтақаҳои санитарию муҳофизатии онҳо воқеъгардидаро соҳибмулкони онҳо амалӣ мекунанд.
    4. Ҷойгиронии иншоот ва коммуникатсияи нақлиёт, алоқа ва таҷҳизоти муҳандисӣ, ки истифодаи онҳо бевосита ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон таъсири бад мерасонад, дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин иҷозат дода намешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …