Главная / Ҷамъият / Уҳдадориҳои корфармо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

Уҳдадориҳои корфармо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

Моддаи 348-и Кодекси Меҳнат. Уҳдадориҳои корфармо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

  1. Уҳдадориҳо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ба зиммаи корфармо гузошта мешаванд.
  2. Корфармо дар таъмини корҳои зерин уҳдадор аст:

– шароити дахлдори бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро дар ҳар як ҷойи корӣ таъмин намояд;

– барои бартараф намудани ҳама гуна хатар дар ҷойи корӣ ва раванди технологӣ, бо роҳи гузаронидани чораҳои пешгирикунанда, ба таҷҳизоти истеҳсолӣ ва раванди технологии бехатар иваз намудани он;

– бехатарии кормандон дар истифодаи бино, иншоот, таҷҳизот, амалӣ намудани раванди технологӣ, инчунин ашёи хом ва маводи дар истеҳсолот истифодашаванда;

– истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандон;

– низоми меҳнат ва истироҳати кормандон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– таълими усулҳо ва тарзҳои бехатари иҷрои корҳо, дастурдиҳӣ оид ба ҳифзи меҳнат, таҷрибаомўзӣ дар ҷойҳои кории кормандон ва санҷиши дониши онҳо доир ба талаботи ҳифзи меҳнат;

– ба кор роҳ надодани шахсоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз таълим, дастурдиҳӣ, таҷрибаомўзӣ ва санҷиши донишҳо оид ба талаботи ҳифзи меҳнат нагузаштаанд;

– на камтар аз як маротиба дар панҷ сол гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ оид ба шароити меҳнат бо сертификатсияи минбаъдаи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилот;

– ба мақомоти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, мақомоти назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод кардани иттилоот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои онҳо;

– санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– хизматрасонии санитарию маишӣ ва муолиҷавию профилактикии кормандон мутобиқи талаботи ҳифзи меҳнат;

– бемамоният роҳ додани шахсони мансабдори мақомоти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин намояндагони мақомоти назорати ҷамъиятӣ бо мақсади гузаронидани санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо ва тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, бемориҳои касбӣ;

– дастурҳои шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатиро вобаста ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва баррасии пешниҳоди мақомоти назорати ҷамъиятиро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд;

– суғуртаи ҳатмии иҷтимоии кормандонро аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва аз бемориҳои касбӣ таъмин намояд;

– кормандонро бо талаботи ҳифзи меҳнат шинос намояд;

– дар муддати як моҳ натиҷаи аттестатсияи ҷойҳои корӣ ва дастурдиҳиро оид ба шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат дар ташкилот дар шакли электронӣ ва лавҳа омода ва чоп намояд;

– аз ҳисоби худ кормандонро аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан), марҳилавӣ (дар давоми фаъолияти меҳнатӣ), инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ (ташхисӣ) гузаронад.

  1. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бо назардошти хусусияти фаъолият ва намудҳои кор, мавҷудияти манбаъҳои хатари ҷиддӣ метавонанд барои корфармо уҳдадориҳои иловагӣ пешбинӣ гарданд.
  2. Донистани қоидаҳо ва меъёрҳо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат кисми таркибии талаботи тахассусии пешниҳодшаванда ба корманд ба ҳисоб меравад ва дар дастурамали вазифавие (мансабие), ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, қайд мегардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …