Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

Ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

Моддаи 345-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

Корманд чунин ҳуқуқҳоро доро мебошад:

– ба ҷойи кори ба талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҷавобгў;

– таъмин будан бо бинои санитарӣ-маишӣ, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, либоси махсус тибқи талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, инчунин шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

– муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё мақомоти маҳаллии он барои гузаронидани муоинаи шароит ва ҳифзи меҳнат дар ҷойи кор;

– шахсан ё ба воситаи намояндааш дар санҷиш ва тафтиши масъалаҳое, ки ба беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнат вобаста аст, иштирок намояд;

– дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъе, ки ба ҳаёт ё саломатии ў таҳдид мекунад аз иҷрои кор даст кашида, дар ин хусус ба роҳбари бевоситааш ё корфармо хабар диҳад;

– ба маълумот ва тайёрии касбии ба амнияти иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ зарур мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ба гирифтани маълумоти дақиқ аз корфармо дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва санитарӣ – гигиенӣ, имтиёз ва ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани онҳо ҳуқуқ дорад;

– ба нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат дар вақти боздоштани кори ташкилот бинобар номутобиқӣ ба талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

– ба овардани шикоят нисбати амал ё беамалии ғайриқонунии корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …