Главная / Ҷамъият / Кафолати ҷуброни зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд

Кафолати ҷуброни зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд

Моддаи 343-и Кодекси Меҳнат. Кафолати ҷуброни зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд

  1. Агар корфармо бинобар таъсири қувваи рафънопазир ё қасди ҷабрдида аз сарчашмаи хатари зиёд ба корманд расидани зарарро исбот карда натавонад, бояд ин зарарро бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.
  2. Агар корфармо исбот намояд, ки зарар на бо гуноҳи ў расидааст, ҳангоми расидани зарар дар шароити оддӣ (на аз таъсири сарчашмаи хатари зиёд) ў аз ҷуброн кардани зарар озод шуда метавонад.
  3. Музди аз дастрафта, хароҷоти бад шудани саломатӣ, ҳамчунин зарари маънавӣ бояд ҷуброн карда шаванд.
  4. Ҳангоми таъйин ва пардохти маблағ барои ҷуброни зарар музди меҳнат, стипендия, нафақа ва дигар даромади корманд ба ҳисоб гирифта намешаванд.
  5. Ташкилот ё вориси ҳуқуқии он уҳдадор аст, ки ба корманде, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудааст, илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда ба андозаи на камтар аз музди миёнаи дувоздаҳмоҳаи ҷабрдида кумакпулии яквақта пардохт намояд.
  6. Ҳангоми фавти корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот, ба оилаи ў илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ў буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди меҳнати шастмоҳаи фавтида кумакпулии яквақта дода мешавад. Тартиби додани чунин кумакпулиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
  7. Дар ҳолати фавти ҷабрдида ҳуқуқи гирифтани ҷуброни зарар ба шахсони ғайриқобили меҳнат, ки таҳти саробонии марҳум буданд ё то рўзи фавти ў ба гирифтани маблағ аз ин корманд ҳуқуқ доштанд, ҳамчунин тифли марҳум, ки баъд аз марги ў таваллуд шудааст, мегузарад.
  8. Нафақае, ки бо сабаби фавти саробони оила таъйин мегардад, ба ҳисоби ҷуброни зарар дохил намешавад.
  9. Корфармо зарари маънавиро дар сурати гунаҳкор буданаш ба расидани зарар ба андозаи бо ризоияти ҷабрдида ё шаҳрванд муайянгардидае, ки ба сабаби фавти ҷабрдида ба гирифтани ҷуброни зарар ҳуқуқ дорад, ҷуброн мекунад. Ҳангоми ба миён омадани баҳс андозаи зарари маънавӣ ба тариқи судӣ муайян карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …