Моддаи 342-и Кодекси Меҳнат. Баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот
- Корфармо уҳдадор аст сабабҳои ҳодисаи нохушро дар истеҳсолот фавран санҷиш намояд, мувофиқи намунаи муқарраршуда санад тартиб диҳад ва ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рухдодаро сари вақт ба қайд гирад.
- Корфармо уҳдадор аст бо талаби ҷабрдида нусхаи санади ҳодисаи нохушро на дертар аз се рўзи баъд аз анҷоми санҷиш ба ў диҳад.
- Агар корфармо аз тартиб додани санади ҳодисаи нохуш саркашӣ кунад ё ҷабрдида бо ҳолатҳои дар санади ҳодисаи нохуш нишондодашуда розӣ набошад, ҷабрдида ҳуқуқ дорад, ки ба намояндагони кормандон ё ба суд муроҷиат намояд.
- Тартиби баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои нохушро дар истеҳсолот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.