Главная / Ҷамъият / Коршинос (эксперт)

Коршинос (эксперт)

Моддаи  34-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Коршинос (эксперт) 

  1. Ба сифати коршинос (эксперт) – (минбаъд – коршинос)  мумкин аст, шахсе, ки ба натиҷаи парванда манфиатдор нест ва дорои дониши махсус дар соҳаи илм, техника, фарҳанг, санъат, касбу ҳунар ва дигар донишҳо мебошад, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулосаи экспертӣ кифоя мебошад, ҷалб гардад.
  2. Коршинос ҳуқуқ дорад:

– аз додани хулоса даст кашад, ба шарте ки масъалаҳои дар назди ӯ гузошташуда аз доираи дониши махсуси ӯ берун ё маводи ба ӯ пешниҳодшуда барои додани хулоса нокифоя бошанд;

– бо маводи ба экспертиза дахлдоштаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шинос шавад, ба ӯ пешниҳод намудани маводи иловагиро, ки барои додани хулоса заруранд, дархост намояд;

– бо иҷозати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, ба шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, ба ҷабрдида ва шоҳидон доир ба мавзӯи экспертиза саволҳои дахлдор диҳад;

– дар хулосаи худ ҳолатҳоеро, ки ҳангоми экспертиза муқаррар гардида, барои парванда аҳамият доранд, вале оид ба онҳо саволҳо гузошта нашудааст, зикр намояд;

– ҳангоми баррасии парванда иштирок намояд.

  1. Коршинос ӯҳдадор аст:

– бо даъвати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар пешбурди ӯ қарор дорад, ҳозир шавад;

– доир ба масъалаҳои дар наздаш гузошташуда хулосаи холисона ва дар бобати мазмуни хулоса шарҳу эзоҳоти зарурӣ диҳад.

  1. Коршинос огоҳ карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  2. Барои рад намудан ё саркашӣ кардан аз иҷрои ӯҳдадориҳои дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда коршинос тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …