Главная / Ҷамъият / аъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиенӣ

аъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиенӣ

Моддаи 335-и Кодекси Меҳнат. Таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиенӣ

  1. Корфармо уҳдадор аст ба кормандоне, ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ё бо ифлосӣ вобаста машғуланд, мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиениро ройгон диҳад.
  2. Либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродии ба кормандон додашуда аз тарафи корфармо нигоҳдорӣ, шустушўй, таъмиз, безарар ва таъмир карда мешаванд.
  3. Агар либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ба корманд дода нашуда бошанд ё муҳлати додани ин воситаҳо гузашта бошад ва ё корманд ноилоҷ онҳоро бо маблағи худ харида гирад, корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд хароҷоти харидории воситаҳои мазкурро ҷуброн намояд. Дар сурати бе гуноҳи корманд пеш аз муҳлат фарсуда шудани либосу пойафзоли махсус, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ корфармо уҳдадор аст, ки онҳоро иваз намояд.
  4. Агар ба сабаби кормандро бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиенӣ таъмин накардан ба ҳаёту саломатии ў хатар таҳдид намояд, корманд метавонад корро қатъ кунад. Барои муҳлати қатъи кор ҳамчун барои бекористӣ бе гуноҳи корманд музд дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …