Главная / Ҷамъият / Имтиёзҳо ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст

Имтиёзҳо ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст

Моддаи 334-и Кодекси Меҳнат. Имтиёзҳо ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст

  1. Дар корҳои шароиташон зарарнок ба кормандон мувофиқи меъёрҳо ва тартиби муқарраргардида шир ё дигар маҳсулоти зарурӣ ройгон дода мешавад.
  2. Меъёрҳои додани шир ё дигар маҳсулоти зарурӣ, тартиби додани онҳо, номгўйи моддаҳои кимиёвие, ки ҳангоми кор кардан бо онҳо ба мақсадҳои пешгирӣ истеъмоли шир ё дигар маҳсулоти зарурӣ тавсия мешавад, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.
  3. Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда хўроки табобатию пешгирикунанда ройгон дода мешавад.
  4. Рўйхати истеҳсолот, ихтисосу вазифаҳое, ки машғул шудан бо онҳо ба гирифтани хўроки табобатию пешгирикунанда ҳуқуқ медиҳад, номгўй ва меъёри чунин хўрок, тартиби додани он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
  5. Корфармо уҳдадор аст ба корманд ба ғайр аз ин имтиёзу ҷубронҳо, дигар имтиёзу ҷубронҳои пешбиникардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро диҳад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …