Главная / Ҷамъият / Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат

Моддаи 328-и Кодекси Меҳнат. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат дохил мешаванд:

– татбиқ намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат;

– қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи меҳнат дар доираи салоҳияти худ;

– муайян намудани асосҳои идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат;

– мусоидат ба таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ оид ба беҳдошти шароит ва ҳифзи меҳнат ва назорати иҷрои онҳо;

– муайян намудани хароҷот барои ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;

– муайян кардани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат;

– таъмини ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои корфармоён, инчунин иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар мақомоти намояндагии ваколатдори кормандон дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи меҳнат;

– ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи меҳнат;

– дигар салоҳиятҳо оид ба ҳифзи меҳнат.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …