Главная / Ҷамъият / Муқаррароти асосӣ

Муқаррароти асосӣ

Моддаи 324-и Кодекси Андоз. Муқаррароти асосӣ

  1. Низоми имтиёзноки андозбандии пешбининамудаи боби мазкур танҳо нисбат ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар қитъаи маҳдуди бо девор иҳоташуда ва муҳофизатшавандаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгўи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, татбиқ карда мешавад.
  2. Молҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба минтақаи озоди иқтисодӣ бо пурра озод будан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо зери назорати мақомоти гумрук бо шартҳои муайяннамудаи низоми гумрукии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ворид карда мешаванд.
  3. Интиқолимолҳо аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба минтақаи дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳтиназорати мақомоти гумрук бо шартҳои муайяннамудаи низоми гумрукии иҷозатбарои муомилоти озод амалӣ карда мешавад.
  4. Интиқоли молҳо аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳтиназорати мақомоти гумрук бо пардохт ва (ё) бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо бо шартҳои муайяннамудаи низомҳои гумрукӣ амалӣ карда мешавад.
  5. Андозсупорандагон – шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, филиалҳои шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба сифати субъектҳои он фаъолият мекунанд, ўҳдадоранд дар айни замон ба чунин шартҳо ҷавобгў бошанд:

– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи гузаштан аз қайди давлатӣ  мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва дар нозироти андози ноҳияи (шаҳри) дахлдор ба ҳисоб гирифта шудан, дошта бошанд;

-берун аз қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ  воҳидҳои алоҳида надошта бошанд;

-намудҳои фаъолиятеро амалӣ намоянд, ки  низомномаи минтақаи озоди иқтисодии дахлдор манъ накардааст.

  1. Ба соҳиби объекти молу мулки ғайриманқули дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қарордошта дар давоми 3 (се) сол баъд аз таъсис додани минтақаи озоди иқтисодӣ мўҳлат дода мешавад, ки мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодии мазкурро соҳиб шавад ё дар асоси шартҳои низомҳои андозии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳамчун шахсе фаъолият кунад, ки субъекти минтақаи озоди иқтисодии мазкур намебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …