Главная / Ҷамъият / Тартиби пўшонидани хароҷоти ҷуброншаванда

Тартиби пўшонидани хароҷоти ҷуброншаванда

Моддаи 320-и Кодекси Андоз. Тартиби пўшонидани хароҷоти ҷуброншаванда

  1. Хароҷоти ҷуброншаванда аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ тибқи тартиби дар ҳамин модда муайянгардидабо дарназардошти хусусиятҳои дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқарраргардида ба сармоягузор ҷуброн карда мешаванд.
  2. Пўшонидани хароҷоти ҷуброншавандаи сармоягузор аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ аз моҳи гирифтани маҳсулот сар карда, анҷом дода мешавад.
  3. Тақсими маҳсулоти фоиданок ё ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда низ байни давлат ва сармоягузор мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки байни онҳо баста шудааст, аз моҳи гирифтани маҳсулот оғоз мегардад.
  4. Барои мақсадҳои ҳамин боб хароҷоти ҷуброншаванда бояд аз ҳисоби ба сармоягузор додани маҳсулоти истеҳсолшуда ба миқдори на бештар аз маҳсулоти ҷубронӣ тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот пўшонида шаванд.
  5. Бақияи хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар охири давраи андоз пўшонида нашудааст, чунин муайян карда мешавад:

-хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар аввали давраи андозӣ ба сармоягузор ҷуброн карда нашудааст;

-ҷамъи хароҷоти ҷуброншавандае, ки сармоягузор дар давоми давраи андозӣ анҷом додааст;

-тарҳи хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар давраи андозӣ (барои давраи андозӣ) ба сармоягузор ҷуброн карда шудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …