Шахси холис
16.04.2018
540 Показы
Моддаи 32-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Шахси холис

- Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдоре, ки дар пешбурди ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дорад, ба сифати шахси холис метавонад шахси болиғе, ки ба натиҷаи парванда манфиатдор нест, ҷалб карда шавад. Шумораи шахсони холис ҳангоми иҷрои амалҳои мурофиавӣ набояд аз ду нафар кам бошад.
- Иштироки шахсони холис дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ҳатмӣ мебошад. Шахси холис дар протокол воқеияти дар ҳузури ӯ иҷро шудани амалҳои мурофиавӣ, мазмун ва натиҷаҳои онҳоро бо имзои худ тасдиқ мекунад.
- Дар бораи иштироки шахсони холис дар протокол қайди дахлдор карда мешавад.
- Шахси холис ҳуқуқ дорад доир ба ҳаракатҳои иҷрошаванда дархосту эродҳо баён намояд. Дархосту эродҳо бояд ба протокол ворид карда шаванд.
- Ҳангоми зарурат шахси холис метавонад мутобиқи Кодекси мазкур ба сифати шоҳид пурсида шавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-16
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …