Главная / Ҷамъият / Муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ва арзиши он

Муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ва арзиши он

Моддаи 317-и Кодекси Андоз. Муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ва арзиши он

  1. Ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсолшуда дар маҳалли тақсимкунии маҳсулот тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда мешавад.
  2. Маҳалли тақсимкунии маҳсулотро созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян менамояд.
  3. Арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда дар маҳалли тақсими маҳсулот барои ҳар як давраи ҳисоботӣ (андозӣ) ҳамчун ҳосили зарби ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти дар давоми давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсолшуда, ки дар маҳалли тақсимкунӣ андоза карда шуда, бо воҳидҳои дахлдори ченак (тонна, метри мукааб, баррел ва ғайра) ифода ёфтааст, ба нархи таҳвил ва содирот дар маҳалли тақсимкунӣ дар давоми ин давраи ҳисоботӣ (андозӣ) мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …