Главная / Ҷамъият / Бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ

Бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ

Моддаи 315-и Кодекси Меҳнат. Бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ

  1. Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар давоми даҳ рўзи баъд аз имзо шуданашон бо намояндаи корфармо (корфармоён) барои бақайдгирии огоҳонӣ ба мақомоти дахлдор оид ба меҳнат фиристода мешавад.
  2. Бақайдгирӣ ба эътибори қонунӣ пайдо кардани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таъсир намерасонад.
  3. Шартҳои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, ки ҳолати кормандонро нисбат ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бад мекунанд, эътибор надоранд ва татбиқ карда намешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …