Главная / Ҷамъият / Муқаррароти асосии низоми андоз

Муқаррароти асосии низоми андоз

Моддаи 315-и Кодекси Андоз. Муқаррароти асосии низоми андоз

  1. Шахсе, ки ҳангоми иҷрои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот ҳуқуқи татбиқи низоми имтиёзноки андозро истифода мекунад, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ нусхаи тасдиқшудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулотро пешниҳод менамояд.Иттилооти шабеҳ ба мақоми андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созишнома оид ба тақсими маҳсулотро аз ҷониби давлат имзо намудааст, пешниҳод карда мешавад.
  2. Низоми имтиёзноки андози дар ҳамин боб муқарраргардида:

– метавонад дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот инъикосшуда, дар давоми тамоми давраи мўҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот истифода гардад;

– нисбат ба андозсупорандагоне татбиқ мегардад, ки сармоягузор мебошанд;

– тақсими маҳсулоти фоиданокро байни сармоягузор ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби сармоягузор пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии муқаррарнамудаи ҳамин бобро пешбинӣ менамояд.

  1. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки шартҳои тақсими маҳсулоти истеҳсолшударо мутобиқи қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» пешбинӣ менамояд, сармоягузор андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии зеринро пардохт менамояд:

– андозҳо барои захираҳои табиӣ;

– андози иҷтимоӣ;

– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

-боҷи давлатӣ;

-хироҷҳои гумрукӣ;

-андозҳо аз молу мулки ғайриманқул;

-андоз аз воситаҳои нақлиёт;

-дигар пардохтҳои ҳатмие, ки ба иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот вобастаанд.

  1. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки шартҳои тақсими маҳсулоти истеҳсолшударо мутобиқи қисми 2 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» пешбинӣ менамояд, сармоягузор андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии зеринро мепардозад:

– андози иҷтимоӣ;

-боҷи давлатӣ;

-хироҷҳои гумрукӣ;

-андозҳо аз молу мулки ғайриманқул;

-андоз аз воситаҳои нақлиёт;

-дигар пардохтҳои ҳатмие, ки бо иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот вобастаанд.

  1. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда:

-сармоягузоре, ки ба коргарони кироя музди меҳнат ва дигар даромадҳои ба он баробаркардашуда медиҳад, мувофиқи тартиби муқарраргардида пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро таъмин менамояд;

-аз ҷониби сармоягузор таҳвил намудани маҳсулоти истеҳсолшуда аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешавад;

– сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешавад;

-аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда молҳои ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот воридшаванда, ки дар барномаҳои корҳо ва сметаҳои хароҷоти мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тасдиқ шудаанд, озод карда мешаванд. Дар сурати дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил шудани (ба истиснои содироти) ин молҳо андозҳои дар боло пешбинигардида ва дигар андозҳо мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд. Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки дар сурати ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани онҳо озод кардан аз пардохти андозҳои дар ин қисм пешбинигардида анҷом дода мешавад, аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

  1. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот объекти андозбандишаванда, манбаи андоз, давраи андоз, меъёри андоз ва тартиби ҳисоб кардани андоз нисбат ба андозҳое, ки дар қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳамин модда зикр гардидаанд, мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои пешбининамудаи муқаррароти ҳамин боб, ки дар санаи мавриди амал қарор додани созишнома оид ба тақсими маҳсулот амал мекунанд, муайян карда мешаванд.
  2. Ҳангоми дар давоми мўҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот тағйир ёфтани номгўи ягон андоз ё дигар пардохтҳои ҳатмии дар қонунгузории андоз пешбинигардида, вале дар айни ҳол тағйир наёфтани унсурҳои андозбандӣ, чунин андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот бо номи нав ҳисоб ва пардохт мешаванд.
  3. Ҳангоми дар давоми мўҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот тағйир ёфтани тартиби пардохти андозҳо, инчунин тағйир ёфтани шакл, тартиби пур кардан ва мўҳлатҳои пешниҳоди эъломияҳои андоз бе тағйир ёфтани манбаи андоз, меъёри андоз ва тартиби ҳисоб кардани андозҳо, пардохти андозҳо, инчунин пешниҳод намудани эъломияҳои андоз мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …