Главная / Ҷамъият / Хусусияти андозбандии хоҷагиҳои паррандапарварӣ

Хусусияти андозбандии хоҷагиҳои паррандапарварӣ

Моддаи 313-и Кодекси Андоз. Хусусияти андозбандии хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво

  1. Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳое, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли саноатии хӯроки омехтаи парранда ва чорво машғул буда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва (ё) қарзи бонкҳои хориҷӣ дар ҳаҷми на камтар аз 16 миллион доллари ИМА фаъолият менамоянд (минбаъд – корхонаҳо), татбиқ карда мешавад.
  2. Корхонаҳои ҷавобгӯи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур дар сурати аз ҷониби бонкҳои хизматрасони онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи воридшавии маблағҳо ба ҳисоби онҳо ва (ё) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидани воридшавии сармоя ба фонди оинномавии онҳо, аз супоридани андозу пардохтҳои зерин ба муҳлати 12 сол озод карда мешаванд:

– андоз аз фоида;

– андоз аз арзиши иловашуда;

– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

– андоз аз молу мулки ғайриманқул;

– андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳо.

  1. Дар ҳолати аз ҷониби чунин корхонаҳои тибқи ҳамин боб андозбандишаванда таҳвил додани молҳои воридотӣ ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин амалиёт бо андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва дигар андозҳо бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
  2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи молҳои воридотии бевосита барои эҳтиёҷоти худии корхонаҳо воридшавандаро, ки тибқи ҳамин боб андозбандӣ мешаванд, муайян менамояд.
  3. Барои корхонаҳои тибқи ҳамин боб андозбандишаванда муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи андоз, инчунин муҳлати даъво ба муҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ мутобиқи қисмҳои 2 ва 4 моддаи мазкур дароз карда мешавад.
  4. Дастурамал оид ба андозбандии корхонаҳои тибқи ҳамин боб андозбандишаванда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобот, маълумот) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1045)
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …