Главная / Ҷамъият / Имтиёзҳо ҳангоми сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ

Имтиёзҳо ҳангоми сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ

Моддаи 312-и Кодекси Андоз. Имтиёзҳо ҳангоми сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ

  1. Дар давраи сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ (минбаъд- сохтмон) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишгари сохтмон ва пудратчии генералии сохтмон метавонанд аз пардохти андозҳои зерин (аз лаҳзаи фаро расидани мўҳлати пардохт), ки бевосита ба сохтмон алоқаманд мебошанд, тибқи номгўи андозҳо, ба андоза ва мўҳлати (давраи) муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қисми 5ҳамин модда пурра ё қисман озод карда шаванд:

-андоз аз арзиши иловашуда;

-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

-андоз аз фоида (андоз низоми соддакардашуда);

-андоз аз воситаҳои нақлиёт;

-андоз аз молу мулки ғайриманқул;

-андози иҷтимоӣ нисбат ба шахсони хориҷие, ки бевосита дар сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ фаъолият мекунанд;

– боҷи давлатӣ барои бақайдгирии тарҳи эмиссияҳои коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ, ки бинобар сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ амалӣ шудаанд.

  1. Воридоти молҳо барои сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти махсусан муҳим ба ҳисоб мераванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ бо тартиби муқаррарнамудаи сархати ҳафтуми қисми 4 моддаи 169Кодекси мазкур ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)
  2. Дар давраи сохтмон таҳвилгарони молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) барои сохтмони дар боло пешбинигардидаметавонанд аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд бевосита нисбат ба сохтмони (вобаста ба сохтмони) нерўгоҳи барқи обӣ ҳисоб карда шаванд, бо андозаи озодкунӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 5 ҳамин моддамуайян менамояд, пурра ё қисман озод карда шаванд.
  3. Ҳамзамон, ба сифати таҳвилгарони сохтмон шахсони ҳуқуқие баррасӣ мешаванд, ки бо фармоишгари сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ ё пудратчии генералии он қарордодҳои (шартномаҳои, созишномаҳои) пешбиникунандаи таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои марбут ба сохтмонро ба имзо расонидаанд.
  4. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд:

– мўҳлатҳо, намудҳо ва андозаҳои андозҳои аз пардохт озодшаванда аз номгўи муайяннамудаи қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда, ки ба онҳо имтиёзи мазкур дода  мешавад;

-бо пешниҳоди мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика- фармоишгари сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ ва пудратчии генералии сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ;

– бо пешниҳоди мувофиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика дар якҷоягӣ бо фармоишгари сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ ва пудратчии генералии сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ тайёркардашуда – давраи (мўҳлати) сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ.

  1. Нисбат ба имтиёзҳои пешбининамудаи қисмҳои 1-5 ҳамин модда муқаррар карда шавад:

-қарордодҳои (шартномаҳои, созишномаҳои) марбут ба сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) эътироф карда мешаванд, ки аз ҷониби фармоишгари сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ дар асоси сметаи сохтмон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сохтмон тасдиқ карда шудаанд;

– имтиёзҳои андоз ба қарордодҳое (шартномаҳое, созишномаҳое)  дода мешавад, ки ба сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ марбутанд ва дар давраи сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ баста шуда, бояд то ба охир расиданидавраи сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ анҷом ёбанд.

  1. Фармоишгари сохтмон, пудратчии генералии сохтмон ва таҳвилгарони молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) онҳо аз иҷрои дигар ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур озод намебошанд.
  2. Дастурамал оид ба андозбандии сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисоботҳо, маълумот) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …