Главная / Ҷамъият / Муҳлати амали шартномаи коллективӣ

Муҳлати амали шартномаи коллективӣ

Моддаи 310-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати амали шартномаи коллективӣ

  1. Муҳлати амали шартномаи коллективиро тарафҳо муайян мекунанд.
  2. Шартномаи коллективӣ аз рўзи аз ҷониби тарафҳо имзо шудан ё аз рўзи дар шартномаи коллективӣ муқарраргардида эътибор пайдо мекунад.
  3. Дар мавриди тағйир ёфтани ҳайати мақомоти идоракунии ташкилот, иваз шудани соҳибмулк шартномаи коллективӣ то вақти қабули шартномаи нав амал мекунад.
  4. Дар ҳолати барҳам додани ташкилот бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи коллективӣ дар тамоми муҳлати раванди барҳамдиҳӣ амал менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …