Главная / Ҷамъият / Оқибати ақди никоҳи беэътибор донисташуда

Оқибати ақди никоҳи беэътибор донисташуда

Моддаи 31-и Кодекси оила. Оқибати ақди никоҳи беэътибор  донисташуда

 Ақди никоҳе, ки суд беэътибор донистааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда муқарраргардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардидаи зану шавҳарро ба миён намеоварад.

  1. Нисбати молу мулки якҷоя бадастовардаи шахсоне, ки ақди никоҳашон беэътибор дониста шудааст, меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моликияти умумии саҳмӣ истифода мешавад. Аҳдномаи ақди никоҳе, ки зану шавҳар бастаанд (моддаҳои 41-43 Кодекси мазкур), беэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Беэътибор донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқи кӯдаконе, ки аз ин ақди никоҳ таваллуд ёфтаанд ё дар давоми сесад рӯзи баъди беэътибор донистани ақди никоҳ ба дуньё омадаанд, таъсир намекунад (қисми 2 моддаи 49 ҳамин Кодекс).
  3. Ҳангоми баровардани ҳалномаи дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ суд метавонад ҳуқуқи зан ё шавҳарро, ки баъди бастани чунин ақди никоҳ ҳуқуқаш поймол гардидааст, барои мутобиқи моддаҳои 90, 91 ҳамин Кодекс аз зан ё шавҳари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд, нисбати тақсими молу мулки то рӯзи беэътибор донистани ақди никоҳ бадастомада бошад, метавонад муқаррароти дар моддаҳои 34, 38-39 ҳамин Кодекс муайянгардидаро татбиқ кунад, инчунин шартномаи ақди никоҳро пурра ё қисман беэътибор донад.

Зан ё шавҳаре, ки дар натиҷаи бастани ақди никоҳи аз ҷониби суд беэътибор донисташуда ҳуқуқаш поймол гардидааст, ҳуқуқ дорад мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)

  1. Зан ё шавҳари софдил ҳангоми беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад насаберо, ки ҳангоми сабти ақди никоҳ интихоб намудааст, нигоҳ дорад. (ҚҶТ аз 26.11.15г., №1239)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …