Главная / Ҷамъият / Шартҳои иқтисодии ба истифода додани объектҳои об

Шартҳои иқтисодии ба истифода додани объектҳои об

Моддаи 31-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шартҳои иқтисодии ба истифода додани объектҳои об

1.Истифодаи умумии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул аст.

2.Истифодаи махсуси об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ сурат мегирад.

3.Пардохт аз ҳамаи истифодабарандагони об ғайр аз истифодаи умумии об ва истифодабарандагони манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки то 30000 кВт/соат энергияи барқ истеҳсол менамоянд сарфи назар аз мансубияти идоравӣ, шаҳрвандӣ, намудҳои моликият ва шаклҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситонида мешавад. (КҶТ аз 28.06.11с., №744)

4.Пардохт ситонида мешавад:

-барои истифодаи захираҳои об дар доираи меъёри (лимити) муқараргардида (ғайр аз обёрии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ то 30000 кВт/соат); (КҶТ аз 28.06.11с., №744)

-барои истифодаи аз меъёр (лимити) зиёд ва ғайриоқилонаи захираҳои об;

-барои хизматрасонии вобаста бо ҷамъшавӣ, интиқоли об то сарҳади истифодабарандагон, тақсим ва тоза кардани обҳо;

-барои додани ҳуқуқи истифодаи захираҳои об бо мақсади обёрӣ;

-барои анҷом додани дигар тадбирҳои хоҷагии об (ғайр аз обёрии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал).

5.Тартибу шартҳои муқаррар намудан ва ситонидани маблағро барои истифодаи объектҳо ва захираҳои об санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Инчунин кобед

bophotos-101660-2

ИДИ РАМАЗОН 22 Апрели 2023 таҷлил мешавад

Мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Фитр Рамазон дар Точикистон ба рўзи 22-уми апрели 2023 рост меояд. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон …