Главная / Ҷамъият / Минтақаҳои худудии маҳалҳои аҳолинишин

Минтақаҳои худудии маҳалҳои аҳолинишин

Моддаи 31-и  Қарори шаҳрсозӣ. Минтақаҳои худудии маҳалҳои аҳолинишин

  1. Дар ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин метавонанд минтақаҳои ҳудудии зерин муқаррар карда шаванд:
    – истиқоматӣ;
    – ҷамъиятию корӣ;
    – истеҳсолӣ;
    – инфрасохторҳои муҳандисӣ ва нақлиётӣ;
    – фароғатӣ;
    – истифодаи кишоварзӣ;
    – таъиноти махсус;
    – объектҳои ҳарбӣ ва ҳудудҳои реҷавии дигар;
    – наздишаҳрӣ.
    2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи шароити маҳал метавонанд минтақаҳои дигари ҳудудиро муқаррар намуда, ба онҳо қитъаҳои замин ва дигар объектҳоро бо назардошти меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҳамроҳ намоянд.
    3. Сарҳади минтақаҳои ҳудудии маҳалҳои аҳолинишин бо назардошти хатҳои сурх, ҳудудҳои муқаррарии объектҳои табиӣ, сарҳади қитъаҳои замин ва дигар сарҳадҳо муайян карда мешаванд.
    4. Реҷаи ҳуқуқӣ барои ҳар як минтақаи ҳудудии бо дастурҳои шаҳрсозӣ муқарраргардида, бо андозаи баробар ба ҳамаи қитъаҳои замин, биноҳо, иншоот ва объектҳои дигари дар он ҷойгиршуда татбиқ мегардад.
    5. Дар минтақаҳои ҳудудие, ки дар сарҳади он фаъолияти шаҳрсозии танзими махсус зарур аст, мумкин аст талаботи иловагиро барои лоиҳакашӣ ва сохтмони биною иншооти алоҳида ва иншооти дигар муқаррар карда шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …