Главная / Ҷамъият / Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ

Моддаи 308-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандӣ барои андоз аз бизнеси бозӣ инҳо мебошанд:

– мизи бозӣ;

– кассаи тотализатор;

– кассаи идораи букмекерӣ;

– автомати бозӣ бе бурди пулӣ;

– роҳрави бозӣ (ҳангоми бозии боулинг (кегелбан);

– мизи билярд (ҳангоми бозии билярд);

– ташкили лото (ҳангоми бозии лото);

– ба фурўш баровардани лотерея;

– дигар объектҳои бизнеси бозӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.

  1. Барои мақсадҳои ҳамин боб ҳар як объекти андозбандии дар қисми 1 ҳамин модда (ба ғайр аз барориши лотерея ба фурўш) пешбинигардида на дертар аз 10 рўзи тақвимӣ то санаи оғози татбиқи (истифодаи) он дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии чунин объекти андозбандӣ ба қайд гирифта мешавад.
  2. Ҳар як барориши чиптаҳои лотерея ба фурўш, ки дар қисми 1 ҳамин моддапешбинӣ гардидаанд ва ҳаҷми фурўши номиналии онҳо бо ифодаи пулӣ бояд дар мақомоти андози дахлдор на дертар аз 10 рўзи тақвимӣ то санаи фурўши чиптаҳои лотерея ба қайд гирифта шаванд.
  3. Бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси аризаи андозсупоранда дар бораи баҳисобгирии объекти (объектҳои) андозбандӣ дар давоми 10 рўзи тақвимӣ бо ҳатман додани шаҳодатномаи дахлдор сурат мегирад. Шаклҳои ариза ва шаҳодатнома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
  4. Андозсупоранда ўҳдадор аст, ки ҳар тағйироти миқдории объектҳои андозбандиро на дертар аз 10 рўзи тақвимӣ то санаи ҷойгиркунӣ ё қатъ гардидани татбиқи (истифодаи) ҳар объекти андозбандӣ, аз ҷумла ҳар барориши лотереяҳо ба фурўш, дар мақоми андози маҳалли ҷойгиршавии объектҳои андозбандӣ ба қайд гузорад.
  5. Ҳангоми қатъи фаъолият дар соҳаи бизнеси бозӣ ва (ё) аз кор мондани ҳамаи объектҳои андозбандӣ (анҷом додани фурўши чиптаҳои лотерея) варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо бояд дар давоми 10 рўзи тақвимӣ ба мақоми андоз супорида шавад.
  6. Амалӣ намудани фаъолияти бизнеси бозӣ бе бақайдгирии объектҳои андозбандӣ роҳ дода намешавад.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …