Главная / Ҷамъият / Мазмуни созишнома

Мазмуни созишнома

Моддаи 303-и Кодекси Меҳнат. Мазмуни созишнома

  1. Мазмуни созишнома аз инҳо иборатанд:

– уҳдадориҳо дар соҳаи пардохти музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, киро кардан ва аз кор озод намудани кормандон;

– иҷрои маҷмўи тадбирҳои махсус оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, чорабиниҳо оид ба инкишофи бозори меҳнат, таъминоти муфиди шуғли аҳолӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, аз ҷумла молҳои ниёзи мардум ва кишоварзӣ;

– муқаррар намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ;

– муқаррар намудани имтиёзҳо ва афзалиятҳои иловагӣ ба ташкилотҳо, корфармоёне (соҳибмулконе), ки ҷойҳои кории иловагӣ ташкил намуда, аз меҳнати маъюбон, занон, ҷавонон, аз ҷумла наврасон истифода менамоянд;

– иштироки кормандон дар истифодабарии даромадҳое, ки аз фурўши молу мулки ба моликияти давлатӣ тааллуқдошта ба даст меоянд;

– ҳифзи манфиати кормандон ҳангоми хусусигардонии фонди манзил;

– зиёд намудани ҳаҷми иловапулиҳои хусусияти ҷубронидошта, ки андозаи ҳадди ақали онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

– таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатӣ;

– масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ;

– беҳтар намудани шароити хизматрасонии иҷтимоии шахсоне, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, дигар масъалаҳои ба соҳаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ вобаста, инчунин уҳдадориҳо оид ба пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ ва корпартоиҳо, таҳкими интизоми меҳнат, муайян намудани масъулияти иштирокчиёни созишнома, таъмини назорат оид ба раванди иҷрои созишнома.

  1. Тарафҳо инчунин метавонанд дар созишнома шартҳои иловагиро муқаррар намоянд, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …