Главная / Ҷамъият / Меъёрҳои андози ягона

Меъёрҳои андози ягона

Моддаи 302-и Кодекси Андоз. Меъёрҳои андози ягона

  1. Меъёрҳои андози ягона дар минтақаҳои кадастрӣ бо дарназардошти ноҳияҳои кўҳӣ аз ҳар як гектар замин барои соли тақвимӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои заминсозӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар 5 сол муқаррар карда мешаванд.
  2. Меъёрҳои андози ягона барои дигар заминҳо, ки дар қисми 1 ҳамин модда муайян нашудаанд, ба меъёрҳои заминҳои дахлдори бо андози замин андозбандишаванда баробар карда мешаванд.
  3. Оид ба заминҳои кишти обӣ,ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона дар ҳаҷми нисфи меъёри мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайянгардида муқаррар карда мешавад. Маълумот дар бораи масоҳати заминҳое, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози маҳалли бақайдгириаш то 1-уми июни соли тақвимӣ (ҳисоботӣ) пешниҳод менамояд.
  4. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар сол индексатсияи меъёрҳои андози ягона ва андози заминро мутобиқи сатҳи таваррум дар соли гузаштаи тақвимӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи омор муайян гардидааст, анҷом дода, меъёрҳои индексатсияшудаи андози ягона ва андози заминро барои соли ҷорӣ дар сомонаи электронии расмии худ ҷойгир мекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …