Главная / Ҷамъият / Имтиёзҳои андоз

Имтиёзҳои андоз

Моддаи 301-и Кодекси Андоз. Имтиёзҳои андоз

Аз андози ягона инҳо озод карда мешаванд:

-ҳудуди мамнўъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ мутобиқи номгўи чунин ташкилотҳо ва масоҳати ҳудудҳои онҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, агар чунин заминҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода нашаванд;

-дар давоми 5 соли тақвимӣ баъд аз додан заминҳои вайроншуда (рекултиватсия талабкунанда) ва заминҳои дар марҳилаи азхудкунии кишоварзӣ қарордошта, ки мутобиқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба заминсозӣ бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ эътироф карда шудаанд;

-заминҳое, ки таҳти хатти мушоҳида дар тўли сарҳади давлатӣ қарор дошта, барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд;

-заминҳои захираи озоди давлатӣ, агар чунин заминҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода нашаванд;

-дар давоми 5 соли тақвимӣ баъд аз додан заминҳои чарогоҳҳо, алафзорҳо, бешаҳо ва дигар заминҳое, ки қаблан дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода нашудаанд ва дар онҳо боғҳо ва токзорҳо бунёд карда шудаанд. Доир ба майдони воқеии боғҳо ва токзорҳои дар чунин заминҳо бунёдгардида андозсупоранда ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи анҷом ёфтани чунин корҳоиттилоот медиҳад. Дар ҳолати сари вақт пешниҳод нагардидани иттилооти мазкур чунин заминҳо ҳамчун заминҳои бо дарахтони бисёрсола бандбуда, бе пешниҳоди давраи 5-солаи имтиёзноки дар боло пешбинигардида андозбандӣ карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …