Главная / Ҷамъият / Мақомоти асосии низоми шарикии иҷтимоӣ

Мақомоти асосии низоми шарикии иҷтимоӣ

Моддаи 300-и Кодекси Меҳнат. Мақомоти асосии низоми шарикии иҷтимоӣ

  1. Мақомоти асосии низоми шарикии иҷтимоӣ дар тамоми сатҳҳо комиссияҳои сетарафа (дутарафа) ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби комиссияҳо музокироти коллективӣ гузаронида, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таҳия ва баста мешаванд, ҳамчунин рафти иҷрои онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
  2. Комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ мувофиқи Низомнома дар бораи комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи иттиҳодияҳои намояндагони кормандон ва иттиҳодияи корфармоён тасдиқ мегардад, фаъолият мекунанд.
  3. Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, мақомот оид ба таъмини мутобиқгардонии манфиатҳои давлат ва тарафҳои муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо карда мешаванд. Комиссияҳои сетарафа (дутарафа) аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд.
  4. Дар сатҳи соҳавӣ комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ таъсис дода мешаванд. Ҳайати комиссияҳои соҳавӣ, ки ба он намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони кормандон ва корфармоён шомиланд, аз ҷониби тарафҳо ташкил карда мешавад.
  5. Дар сатҳи минтақавӣ комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корфармоён ва кормандон ташкил карда мешаванд.
  6. Дар сатҳи ташкилотҳо оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, таҳия ва бастани шартномаҳои коллективӣ комиссияҳои дутарафа таъсис дода мешаванд. Ба ҳайати комиссия намояндагони корфармоён ва кормандон шомил мешаванд.
  7. Дар сатҳи гурўҳҳои молиявӣ – саноатӣ ва корпоратсияҳои трансмиллӣ комиссияҳои дутарафа (сетарафа) оид ба гузаронидани музокироти (машваратҳои) коллективӣ, таҳия ва бастани созишнома дар иттиҳодияҳои ташкилотҳои мазкур, аз ҷумла ташкилотҳои берун аз ҳудуди давлат ҷойгирбуда ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати комиссияҳо намояндагони корфармо ва кормандон дохил мешаванд.

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

belorus

Вазорати корҳои дохилии Беларус эътирозгаронро бо силоҳи низомӣ таҳдид кард

Вазорати умури дохилаи Беларус таҳдид кардааст, ки алайҳи тазоҳуркунандагон силоҳи низомӣ истифода хоҳад кард, то …