Главная / Ҷамъият / Минтақабандии ҳудудҳо

Минтақабандии ҳудудҳо

Моддаи 30-и  Қарори шаҳрсозӣ. Минтақабандии ҳудудҳо

  1. Минтақабандии ҳудудҳо барои таъмини муҳити мусоиди зиндагӣ, ҳифзи ҳудудҳо аз таъсири ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, пешгирии зичии аз ҳад зиёди аҳолӣ ва истеҳсолот, ифлосшавии муҳити зист, муҳофизат ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, аз ҷумла манзараҳои табиӣ, инчунин объектҳои мероси фарҳангӣ, ҳудудҳои заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва ҷангалзор равона гардидааст.
    2. Маҳдуд намудани ҳуқуқи истифодаи ҳудуд барои амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ дар минтақаҳои зерин муқаррар карда мешавад:
    – минтақаҳои ҳифзи объектҳои мероси фарҳангӣ, мамнӯъгоҳҳо;
    – минтақаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
    – беҳдоштӣ;
    – минтақаҳои муҳофизатӣ;
    – минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ;
    – минтақаҳои хатҳои муҳофизати об ва назди соҳил;
    – минтақаҳои ҳифзи санитарии сарчашмаҳои таъминоти об;
    – қабати сарватҳои зеризаминӣ;
    – минтақаҳои гирифтори таъсири ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта;
    – минтақаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ ва фалокатҳои экологӣ;
    – минтақаҳои бо шароити табиию иқлими ғайриоддӣ.
    3. Маҳдудият дар истифодаи ҳудудҳо барои амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ метавонад дар дигар минтақаҳо низ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
    4. Таъиноти вазифавии ҳудуд ва истифодаи самараноки онҳо бо назардошти маҳдуд намудани истифодаи ҳудуд муқаррар карда мешаванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-88-karori-shahrsozi

Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 88-и  Қарори шаҳрсозӣ. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии …