Главная / Ҷамъият / Андозсупорандагон

Андозсупорандагон

Моддаи 299-и Кодекси Андоз. Андозсупорандагон

  1. Супорандагони андози ягона истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие эътироф карда мешаванд, ки ба шартҳои қисми 1 моддаи 298 Кодекси мазкур мувофиқат менамоянд.
  2. Барои мақсадҳои ҳамин боб ба маҳсулоти кишоварзӣ натиҷаи ибтидоии (маҳсули) парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, ки таҳти коркарди минбаъда қарор нагирифтааст, дохил мешавад.
  3. Ҳуқуқи гузариш ба пардохти (мондан ҳамчун супорандаи) андози ягонаро инҳо надоранд:

-андозсупорандагоне, ки ба истеҳсоли молҳои зераксизӣ машғуланд;

-андозсупорандагоне, ки дарбизнеси бозӣ фаъолият менамоянд;

-муассисаҳои давлатӣ;

-андозсупорандагоне, ки низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурдро (барои фаъолияти асосиаш)истифода менамоянд;

-андозсупорандагоне, ки низомҳои имтиёзноки андозро истифода менамоянд.

  1. Гузариш аз низоми умумии андоз ба пардохти андози ягона, инчунин гузариши баръакс аз 1-уми январи соли тақвимӣ бо чунин тартиб амалӣ карда мешавад:

-истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо андози ягона андозбандӣ карда шуда, даромади умумии онҳо ба талаботи низоми умумии андозбандӣ ҷавобгў мебошад, ҳуқуқ доранд на дертар аз 10-уми январи соли тақвимӣ ба мақомоти дахлдори андоз оид ба гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ариза диҳанд;

– истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки даромади умумии онҳо ба талаботи низоми умумии андозбандӣ ҷавобгў намебошад, агар пас аз гузариши онҳо ба низоми умумии андозбандӣ на камтар аз 3 соли тақвимӣ гузашта бошад, ўҳдадоранд на дертар аз 10-уми январи соли тақвимӣ ба мақомоти дахлдори андоз оид ба гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба пардохти андози ягона ариза диҳанд.

  1. То гузариш ба низоми дигари андозбандӣ андозсупоранда ўҳдадор аст ҳисоббаробаркунии ўҳдадориҳои андозро аз рўи низоми андозбандии қаблӣ анҷом диҳад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …