Главная / Ҷамъият / Муқаррароти умумӣ

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 298-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ

  1. Низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (минбаъд – андози ягона) низоми махсус барои андозбандии субъектҳое мебошад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бе коркарди минбаъда амалӣ менамоянд.Андози ягона аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие истифода карда мешавад, ки барои онҳо замин воситаи асосии фаъолияти соҳибкорӣ (минбаъд – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ) мебошад.
  2. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, супорандаи андози ягона дар қисми фаъолияте, ки бо андози ягона андозбандӣ мешавад, аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешавад:

– андоз аз фоида (андози низоми соддакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд), ба истиснои даромадҳои дар манбаи пардохт андозбандишаванда;

-андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми воридоти молҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад ва (ё) дар ҳолати анҷом ёфтани амалиётҳои дар манбаи пардохт андозбандишаванда;

-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

-андози замин.

  1. Аз андози даромад даромадҳои вобаста ба фаъолияти кишоварзӣ бадастовардаи аъзои хоҷагии деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияткунанда, ки супорандаи андози ягона мебошад, озод карда мешавад.
  2. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти ғайрикишоварзӣ нисбат ба чунин фаъолият истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ – супорандагони андози ягона иловатан супорандагони андози низоми соддакардашуда мешаванд (ё дар ҳолати аз ҳадди даромад зиёд гардидани даромади умумӣ – андозҳо тибқи низоми умумии андозбандӣ) ва баҳисобгирии алоҳидаи даромаду хароҷотро аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ пеш мебаранд.
  3. Супорандагони андози ягона дигар андозҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт менамоянд.
  4. Супорандагони андози ягона аз иҷрои вазифаҳои агенти андоз, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, озод карда намешаванд.
  5. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба шартҳои низоми умумии андозбандӣ ҷавобгў мебошанд, метавонанд ихтиёран бо тартиби муқарраргардида супорандаи андози замин ва дигар андозҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …