Главная / Ҷамъият / Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози низоми соддакардашуда

Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози низоми соддакардашуда

Моддаи 297-и Кодекси Андоз. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози низоми соддакардашуда

  1. Андози низоми соддакардашуда ҳамчун ҳосили зарби манбаи андози дахлдор ба меъёри андоз ҳисоб карда мешавад.
  2. Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда амалӣ гардидани якчанд намудҳои фаъолият, баҳисобгирии даромади умумӣ барои ин намудҳои фаъолият, инчунин ҳисоб намудани маблағҳои андози дахлдор ҷудогона бурда мешавад.
  3. Андозсупорандагоне, ки то гузариш ба андози низоми соддакардашуда ҳангоми ҳисоб намудани андозҳо аз рўи низоми умумии андозбандӣ усули ҳисобу замкуниро истифода мебурданд, дар вақти пардохти андози низоми соддакардашуда қоидаҳои зеринро иҷро менамоянд:

-маблағҳои пулии то гузариш ба андози низоми соддакардашуда ба ҳисоби пардохт тибқи шартномаҳое, ки андозсупоранда иҷрои онҳоро баъд аз гузариш ба андози низоми соддакардашуда амалӣ менамояд, гирифташуда ба манбаи андози низоми соддакардашудадохил карда мешаванд;

-маблағҳои пулие, ки баъд аз гузариш ба андози низоми соддакардашуда гирифташудаанд, агар мувофиқи қоидаҳои баҳисобгирии андоз бо усули ҳисобу замкунӣ маблағҳои пешбинигардида ҳангоми ҳисоб намудани манбаи андоз доир ба низоми умумии андозбандӣ ба даромадҳо илова шуда бошанд, ба манбаи андоз дохил карда намешаванд.

  1. Ба таркиби даромадҳои супорандаи андози низоми соддакардашудаҳангоми гузариш ба низоми умумии андозбандӣ даромадҳои аз таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ҳуқуқҳои молумулкӣ) дар давраи истифодаи андози низоми соддакардашуда, кипардохти (пардохти ҷузъии) онҳо то санаи гузариш ба низоми умумии андозбандӣ амалӣ нашудааст, дохил карда мешаванд.
  2. Даромадҳои дар қисми 4 ҳамин моддапешбинигардида даромадҳои давраи охирини андоз то гузариш ба ҳисоб намудани манбаи андоз аз рўи низоми умумии андозбандӣ эътироф карда мешаванд.
  3. Ҳангоми гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба андози низоми соддакардашуда ва гузариши баръакс, андозсупорандагон дар мавриди андоз аз арзиши иловашуда қоидаҳои зеринро иҷро менамоянд:

-ҳангоми гузариш ба андози низоми соддакардашудамаблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки то чунин гузариш аз маблағи  ба ҳисоби таҳвили минбаъдаи молҳо (корҳо,  хизматрасониҳо) дар давраи пас аз гузариш ба андози низоми соддакардашуда пардохтшуда (қисман пардохтшуда) ҳисоб ва ба буҷет пардохт шудаанд, дар давраи охирини андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб гирифта мешавад;

-ҳангоми гузариш ба низоми умумии андозбандӣ маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки супорандагони андози низоми соддакардашуда барои бақияи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) харидааш супоридааст, аз ҷониби ин андозсупоранда дар давраи якуми андоз пас аз гузариш ба низоми умуми андозбандӣ доир ба андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб гирифта мешаванд.

  1. Маблағи ҳисобшудаи андози низоми соддакардашуда супорида мешавад ва эъломияи андоз бо шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз давраи андоз фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад.
  2. Пардохти андози низоми соддакардашуда ба буҷети маҳаллӣ дар маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда анҷом дода мешавад.
  3. Назорати пардохти андози низоми соддакардашударо мақомоти андоз амалӣ менамоянд.
  4. Дастурамал дар бораи ҳисоб кардан ва супоридани андози низоми соддакардашуда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …