Главная / Ҷамъият / Имтиёзҳо

Имтиёзҳо

Моддаи 294-и Кодекси Андоз. Имтиёзҳо

  1. Имтиёзҳои пешбининамудаи моддаи 110 Кодекси мазкур барои мақсадҳои боби мазкур татбиқ карда мешаванд.
  2. Озодкунӣ аз пардохти андози низоми соддакардашуда андозсупорандаро аз пешниҳод намудани эъломияи андоз доир ба даромадҳои озодкардашуда барои ҳар нимсолаи соли тақвимӣ бо шакли тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз санаи 20-уми моҳе, ки баъд аз нимсолаи хисоботӣ фаро мерасад, озод намекунад.
  3. Кумакҳои молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатии фарҳангӣ то 1 январи соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд, ба даромади умумии онҳо дохил намегарданд (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188).

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …