Главная / Ҷамъият / Манбаи андоз

Манбаи андоз

Моддаи 293-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз

  1. Манбаи андоз оид ба андози низоми соддакардашуда ифодаи пулии даромади умумии дар давраи андоз гирифташуда эътироф карда мешавад.
  2. Даромади умумӣ бо усули кассавӣ ҳисоб карда шуда, андози аксизӣ ва андоз аз фурўшро (алюминийи аввалияро) дар бар намегирад. Дар ҳолати дар мўҳлати зиёда аз 6 моҳи амалӣ нагардидани ҳисоббаробаркуниҳо барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) аз ҷониби андозсупоранда таҳвилшуда, барои мақсадҳои ҳисоб намудани андози низоми соддакардашуда молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) зикргардида ба андозсупоранда пардохтшуда ҳисобида мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  3. Андозсупорандагони истифодакунандаи андози низоми соддакардашуда ўҳдадоранд барои мақсадҳои муайян намудани манбаи андоз баҳисобгирии муҳосибии даромади умумиашонро пеш баранд.
  4. Андозсупорандагон метавонанд низоми соддакардашудаи баҳисобгирии муҳосибии аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ муқарраршударо истифода намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …