Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқҳои намояндагони кормандон дар ташкилот

Ҳуқуқҳои намояндагони кормандон дар ташкилот

Моддаи 291-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқҳои намояндагони кормандон дар ташкилот

  1. Намояндагони кормандон дар ташкилот ҳуқуқ доранд:

– гуфтушунидҳои коллективона гузаронанд, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба имзо расонанд, дар таҳияи санадҳои дигари меъёрӣ оид ба меҳнат дар ташкилот ширкат варзанд ва ба корфармо лоиҳаи чунин санадҳоро пешниҳод кунанд;

– дар баррасии масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ташкилот иштирок намоянд;

– риояи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективиро назорат кунанд;

– дар мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ манфиати кормандро ҳимоя кунанд;

– дар бораи қарори корфармо ва шахсони ваколатдори ў, агар қарор хилофи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат бошад ё бо роҳи дигар ҳуқуқҳои кормандонро поймол созад, ба суд шикоят кунанд;

– тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корпартоӣ эълон кунанд;

– ҳангоми фаъолияти намояндагӣ дигар амали қонуниро анҷом диҳанд.

  1. Ҳамаи намояндагони ваколатдоршудаи кормандон ҳуқуқҳои баробар доранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …