Главная / Ҷамъият / Андозсупорандагон

Андозсупорандагон

Моддаи 291-и Кодекси Андоз. Андозсупорандагон

  1. Инҳо супорандагони андози низоми соддакардашуда эътироф мешаванд:

– шахсоне, ки фаъолияти соҳибкории онҳо дар соли ҷории тақвимӣ оғоз ёфтааст, новобаста аз воқеияти барасмиятдарории бақайдгирии давлатии ин шахсон;

-шахсоне, ки ба шартҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 290 Кодекси мазкур ва сархати якуми қисми 3 ҳамин модда ҷавобгў мебошанд.

  1. Андози низоми соддакардашуда нисбат ба андозсупорандагони зерин татбиқ намегардад:

-шахсони воқеие, ки ба сифати соҳибкорони инфиродӣ тибқи патент ба қайд гирифта шудаанд ва нисбат ба даромадҳо аз чунин фаъолияти соҳибкорӣ бо андозҳои низоми патент андозбандӣ мешаванд;

– фондҳои инвеститсионӣ, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилоти суғуртавӣ ва қарзӣ, ташкилоти маблағгузории хурд, ломбардҳо, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, таҳвилкунандагони алюминийи аввалия, истеҳсолкунандагони маҳсулоти зераксизӣ, ташкилоти миёнаравӣ (дар асоси шартномаҳои комиссия, супориш ва шартномаҳои  миёнаравии дигар амалкунанда). Субъектҳои мазкур, ки низомҳои махсуси андозбандиро истифода мебаранд, уҳдадоранд аз санаи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба низоми умумии андозбандӣ гузашта, ҳамчун супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

шахсони истифодакунандаи низоми соддакардашудаи андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ба истиснои даромадҳое, ки андозбандии онҳо дар доираи низоми соддакардашудаи андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба танзим дароварда нашудааст; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)

-шахсони истифодабарандаи низоми соддакардашудаи андозбандии субъектҳои бизнеси бозӣ, ба истиснои даромадҳое, ки ба бизнесибозӣ тааллуқ надоранд.

  1. Гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба андози низоми соддакардашуда, инчунин гузариши баръакс бо чунин тартиб амалӣ карда мешавад: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

– агар аз рӯйи натиҷаҳои дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи низоми умумии андоз аз ҳадди даромад кам бошад ва агар баъди гузариши охирон аз системаи содакардашудаи андоз ба низоми умумии андоз 36 моҳи тақвимӣ гузашта бошад, андозсупорандаи мазкур уҳдадор аст дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ ба таври хаттӣ мақомоти андози маҳалли баҳисобгириашро оид ба ҳаҷми даромади худ хабардор созад ва доир ба гузариш ба андози низоми содакардашуда ариза диҳад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

– агар дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи андози низоми содакардашуда (бо дарназардошти даромадҳои дигаре, ки дар ҳолати истифодабарии низомҳои дигари андозбандӣ ба даст омадаанд) аз ҳадди даромад зиёд бошад, андозсупорандаи мазкур уҳдадор аст дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ бо тариқи хаттӣ мақомоти андози маҳалли баҳисобгириашро оид ба ҳаҷми даромади умумии худ хабардор созад ва доир ба гузариш ба низоми умумии андоз ариза диҳад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

-дар ҳолати аз ҷониби худи андозсупоранда иҷро нагардидани талаботи сархатҳои якум ё дуюмиҳамин қисм, мақомоти дахлдори андоз гузариши чунин андозсупорандаро ба дигар низоми андозбандӣ таъмин карда, дар ин хусус ин андозсупорандаро хабардор месозад, инчунин ўро барои сари вақт ба дигар низоми андозбандӣ нагузаштан мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ мекашад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …