Главная / Ҷамъият / Намояндагони кормандон дар ташкилот

Намояндагони кормандон дар ташкилот

Моддаи 290-и Кодекси Меҳнат. Намояндагони кормандон дар ташкилот

  1. Намояндагони кормандон дар ташкилот бо мақсади ҳимояи манфиатҳои кормандон дар муносибатҳои меҳнатӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешаванд.
  2. Иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон манфиатҳои кормандонро дар муносибатҳои меҳнатӣ намояндагӣ мекунанд.
  3. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандонро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, корфармоён қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд.
  4. Кормандон худашон он мақомеро, ки ба он намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳояшонро бовар мекунанд, муайян менамоянд.
  5. Ҳамаи мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар доираи ваколати ба онҳо додашуда амал карда, ҳангоми ҳимояи манфиати кормандон аз ҳуқуқҳои баробар истифода мебаранд. Ҳамкории мақомоти гуногуни намояндагии кормандони ташкилот ҳавасманд карда мешавад.
  6. Мавҷудияти мақомоти гуногуни намояндагӣ дар ташкилот набояд дар фаъолияташон ба амалӣ гардонидани вазифаҳо халал расонанд.
  7. Манфиатҳои кормандон ва корфармоёнро наметавонад ҳамон як мақоми намояндагии кормандони ташкилот намояндагӣ ва ҳимоя намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …