Главная / Ҷамъият / Муқаррароти умумӣ

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 290-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ

  1. Низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд (минбаъд – андози низоми соддакардашуда) низоми махсуси андоз мебошад, ки мутобиқион субъектҳои соҳибкории хурд андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ё андоз аз даромад барои соҳибкорони инфиродиро бо тартиби соддакардашуда пардохт менамоянд.
  2. Агар дар боби мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, субъектҳои соҳибкории хурде, ки даромади умумии бо усули кассавӣ ҳисобшудаи онҳо дар соли пешинаи тақвимӣ (бе дарназардошти андози аксизӣ, андоз аз фурўш (алюминийи аввалия)) аз як миллион сомонӣ зиёд намебошад (минбаъд – ҳадди даромад) аз андози низоми соддакардашуда истифода мебаранд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  3. Гузариш ба андози низоми соддакардашудаё баргаштан ба низоми умумии андозбандӣ аз ҷониби андозсупорандагон бо тартиби пешбининамудаи ҳамин боб амалӣ карда мешавад.
  4. Супорандаи андози низоми соддакардашуда супорандаи чунин андозҳо ба ҳисоб намеравад:

– андоз аз фоида, ба истиснои даромадҳое, ки аз онҳо андоз  дар манбаи пардохт  ситонида мешавад;

– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

– андоз аз даромад аз даромадҳои бевоситаи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ба истиснои даромадҳое, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ карда мешаванд;

– андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми воридоти молҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андоз аз арзиши иловашудаи ғайрирезидент, ки дар манбаи пардохт ситонида мешавад.

  1. Агар дар ҳамин боб тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дигар андозҳо аз ҷониби супорандагони андози низоми соддакардашуда дар асоси Кодекси мазкур пардохт карда мешаванд.
  2. Шахсоне, ки андози низоми соддакардашударо истифода менамоянд, аз иҷрои ўҳдадориҳои агенти андози пешбининамудаи Кодекси мазкур озод намебошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …