Главная / Ҷамъият / Шахсоне, ки барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд

Шахсоне, ки барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд

Моддаи 29-и Кодекси оила. Шахсоне, ки барои талаби беэътибор  донистани  ақди никоҳ ҳуқуқ доранд 

  1. Шахсони зерин барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд:

зан ё шавҳари ноболиғ, падару модари ӯ (шахсони онҳоро ивазкунанда), мақоми васоят ва парасторӣ ё прокурор – агар ақди никоҳ бо шахси ба синни ақди никоҳӣ нарасида ҳангоми мавҷуд набудани иҷозати ақди никоҳ то ба синни ақди никоҳӣ расиданаш (моддаи 13 ҳамин Кодекс) баста шуда бошад. Баъди ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани зан ё шавҳари ноболиғ барои талаби беэътибор донистани н ақди икоҳ танҳо ин зан ё шавҳар ҳуқуқ дорад;

зан ё шавҳаре, ки ҳуқуқи  ӯ ҳангоми ақди никоҳ поймол гардидааст, инчунин прокурор – агар ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар; дар натиҷаи маҷбуркунӣ, фиреб, ба иштибоҳ андохтан ё вобаста ба  вазъи ҳолати худ дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дарк карда натавонистани моҳияти амали худ ё идора накардани он ҳолат баста шуда бошад;

зан ё шавҳаре, ки дар хусуси мавҷуд будани ҳолатҳои монеаи ақди никоҳ огоҳӣ надошт, васии зан ё шавҳаре, ки ғайри қобили амал  эътироф шудааст, зан ё шавҳари аз ақди никоҳи қабли бекоркарданашуда, шахсони дигаре, ки дар асари ақди никоҳ бо вайрон кардани муқаррароти моддаи 14 ҳамин Кодекс басташуда ҳуқуқашон поймол гардидааст, инчунин мақоми васояту сарпарастӣ ва прокурор;

прокурор, инчунин зан ё шавҳаре, ки ҳангоми бастани ақди никоҳи қалбакӣ дар хусуси қалбакӣ будани он огоҳӣ надошт (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290).

  1. Ҳангоми баррасии парванда дар хусуси беэътибор донистани ақди никоҳи бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида, инчунин бо шахси аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида басташуда, барои иштирок дар парванда мақоми васояту парасторӣ ҷалб карда мешавад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …