Главная / Ҷамъият / Ҳимоятгар ва намоянда

Ҳимоятгар ва намоянда

Моддаи  29-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳимоятгар ва намоянда 

  1. Дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, мумкин аст, ҳимоятгар ва барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдида намоянда иштирок намояд.
  2. Ба сифати ҳимоятгар ё намоянда барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳимоятгар ё шахси дигар рухсат дода мешавад.
  3. Ваколати ҳимоятгар ё  шахси дигар, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  4. Ба ҳимоятгар ва намоянда барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз лаҳзаи тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми дастгиркунии маъмурии шахси воқеӣ бинобар содир гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳимоятгар барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз лаҳзаи дастгиркунии маъмурӣ иҷозат дода мешавад.
  5. Ҳимоятгар ва намоянда, ки барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иҷозат дода шудааст, ҳуқуқ доранд бо ҳамаи маводи парванда шинос шаванд, далелҳо пешниҳод кунанд, дархост ва раддия изҳор намоянд, дар баррасии парванда иштирок намоянд, нисбат ба татбиқи чораҳои таъминкунии пешбурди парванда шикоят намоянд ва мутобиқи Кодекси мазкур аз дигар ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода баранд.
  6. Иштироки ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳатмист,  агар:

– дар ин бора шахсе, ки нисбати ӯ  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, дархост пешниҳод кунад;

– шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, ноболиғ бошад;

– шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад,  бинобар  камбудиҳои ҷисмонию  рӯҳӣ  ҳуқуқи  худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда натавонад;

– шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, забони  пешбурди мурофиаро надонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …