Моддаи 29-и Қарори шаҳрсозӣ. Қоидаҳои иморатсозӣ
- Қоидаҳои иморатсозӣ тартиби амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозиро дар ҳудудҳои дахлдор ва дар маҳалҳои аҳолинишин муқаррар менамоянд.
2. Қоидаҳои иморатсозӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва дастурҳои шаҳрсозии ҳар як ҳудуд таҳия карда мешаванд.
3. Иҷозат барои сохтмони объектҳое, ки то мавриди амал қарор додани қоидаҳои иморатсозӣ дода шудааст, дар давоми мӯҳлати дар он нишондодашуда амал мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки амали чунин иҷозат ба амнияти аҳолӣ таҳдид мекунад.