Главная / Ҷамъият / Принсипҳои умумии андозбандии соҳибкорон

Принсипҳои умумии андозбандии соҳибкорон

Моддаи 289-и Кодекси Андоз. Принсипҳои умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда

  1. Даромади умумии солонаи шахсони воқеӣ – резидентон ва ғайрирезидентон, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар асоси шаҳодатнома бақайд гирифта шудаанд (минбаъд – соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда), аз ҳамаи намудҳои фаъолияти амалишавандаи онҳо наметавонад аз як миллион сомонӣ зиёд бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунандавобаста ба намуди фаъолият ва даромади гирифтаашон мувофиқи тартиби муқарраргардида низомҳои зерини махсуси андозро истифода мебаранд:

– низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;

– низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;

– низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнесибозӣ.

  1. Соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, кидар яквақт 2 низоми махсуси андозбандии дар қисми 2 ҳамин моддапешбинигардидаро истифода мебаранд, ўҳдадоранд мувофиқи тартиби муқарраргардида баҳисобгирии алоҳидаи даромадҳо, хароҷот ва амалиёти хоҷагидории анҷомшавандаро оид ба ҳар як низоми махсуси андози истифодашаванда пеш баранд.
  2. Низомҳои махсуси андоз аз ҷониби соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар ҳолате истифода мешаванд, ки агар даромад ва фаъолияти онҳо ба шартҳои чунин низомҳои махсуси андоз ҷавобгў бошанд.
  3. Агар ҳамин боб тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, аз ҷониби соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда андозҳои дигар дар асоси Кодекси мазкур пардохт карда мешаванд.
  4. Соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунандааз иҷрои ўҳдадориҳои агенти андоз, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, озод намебошанд.
  5. Намудҳои фаъолияте, ки соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда анҷом дода метавонанд ва қоидаҳои андозбандии онҳо мутобиқи боби мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  6. Назорати андозбандии соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …