Главная / Ҷамъият / Тартиби супоридани андозҳо

Тартиби супоридани андозҳо

Моддаи 288-и Кодекси Андоз. Тартиби супоридани андозҳо

  1. Супоридани андозҳо аз рўи низоми патентӣ аз ҷониби андозсупоранда мустақилона бо тариқи пешпардохт барои як ё якчанд моҳи минбаъдаи пай дар пай ба суратҳисобҳои бонкии буҷети маҳаллӣ дар маҳалли фаъолияти андозсупоранда амалӣ карда мешавад.
  2. Нусхаҳои ҳуҷҷатҳои бонкии андозсупоранда доир ба маблағҳои супоридашудаи андозҳо барои соли тақвимии гузашта ба мақомоти андози маҳалли фаъолияти андозсупоранда на дертар аз 1-уми марти соле, ки баъд аз соли ҳисоботии тақвимӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад.
  3. Назорати андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.

 

  • 3. Принсипҳои умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …