Главная / Ҷамъият / Хусусияти танзими меҳнати аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси

Хусусияти танзими меҳнати аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси

Моддаи 285-и Кодекси Меҳнат. Хусусияти танзими меҳнати аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси ҳуқуқӣ ва кормандони аз ҷониби соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ё шахси (мақомоти) аз ҷониби ў ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ таъйиншуда (интихобшуда)

  1. Хусусияти танзими меҳнати роҳбари мақомоти иҷроия, ки бо боби мазкур танзим гардидааст, ба дигар аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси ҳуқуқӣ низ паҳн мегардад, агар бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Хусусияти танзими меҳнати кормандони аз ҷониби соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ё шахси (мақомоти) аз ҷониби ў ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ таъйиншуда (интихобшуда) бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …