Главная / Ҷамъият / Муқаррароти асосии андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда

Муқаррароти асосии андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда

Моддаи 284-и Кодекси Андоз. Муқаррароти асосии андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда

  1. Шахсони воқеӣ – резидентон ва ғайрирезидентон, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ тибқи патент бақайд гирифта шудаанд, аз низоми андозбандии шахсони воқеии фаъолияти соҳибкори инфиродиро тибқи патент амаликунанда (минбаъд – низоми патентӣ), истифода мебаранд, агар ҳамзамон шартҳои зерин иҷро гардида бошад:

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии онҳо ба сифати соҳибкори инфиродӣ патент мебошад;

– маблағи пешбининамудаи низоми патентии андозҳо аз ҷониби соҳибкор пешакӣ (бо тариқи пешпардохт) барои давраҳои пурраи дахлдори фаъолияти соҳибкорӣ пардохтшудааст;

– фаъолияти соҳибкори инфиродӣ бевосита аз ҷониби шахси воқеӣ бо истифодаи молу мулки мавҷуда, аммо бе кирояи қувваи корӣ ва бе амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣиҷро карда мешавад;

– намудҳои амалишавандаи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва андозаи устуворимаблағи андозҳои аз ҷониби андозсупоранда пардохтшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

– дар соли тақвимӣ даромади умумии истифодабарандаи низоми  патентӣ наметавонад аз 100 ҳазор сомонӣ бештар бошад (минбаъд – ҳадди даромад барои низоми патентӣ).

  1. Истифодабарии низоми патентӣ дар чунин ҳолатҳо иҷозат дода намешавад:

– иҷро нагардидани ақаллан яке аз шартҳои дар қисми 1 ҳамин моддапешбинигардида;

– аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ истифода гардидани ягон намуди дигари низомҳои андозбандии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур;

– дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 283 Кодекси мазкур.

  1. Дар ҳолате, ки фаъолияти соҳибкори инфиродӣ – дорандаи патент сархатҳои дуюм – панҷуми қисми 1 ҳамин моддаро қонеъ гардонида натавонад, чунин соҳибкори инфиродӣ ҳуқуқи истифодаи низоми патентиро гум мекунад ва ўҳдадор аст дар мўҳлати на зиёда аз 10 рўзи тақвимӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба қатъ намудани бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкори инфиродӣ тибқи патент ариза диҳад.
  2. аз пешниҳоди ҳисоботи андоз;

– аз пардохти андозҳо аз даромадҳо аз фаъолияти соҳибкории инфиродии ў, ки дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 6 Кодекси мазкур муқаррар шудаанд, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоии бевосита ба арзиши (нархи) патент  дохилшаванда;

– аз пешниҳоди ҳисоботи андоз, ба истиснои пешниҳод намудани эъломияи даромади умумӣ барои соли гузаштаи тақвимӣ (ё барои давраи аз оғози соли тақвимӣ дар ҳолати қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ) бо замимаи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои бонкӣ доир ба пардохти андозҳо;

– истифодабарии мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

  1. Дигар андозҳое, ки барои шахсони воқеӣ муқаррар гардидаанд, аз ҷониби истифодабарандагони низоми патентӣ мутобиқи Кодекси мазкур пардохт карда мешаванд.
  2. Ӯҳдадории андози шахси воқеие, ки низоми патентиро интихоб намудааст, то расман бекор кардани қайди давлатӣ давом мекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …