Главная / Ҷамъият / Тартиби пешниҳоди ҳисоби андоз

Тартиби пешниҳоди ҳисоби андоз

Моддаи 281-и Кодекси Андоз. Тартиби пешниҳоди ҳисоби андоз

  1. Андозсупорандагон, ба истиснои шахсони воқеие, ки молу мулки ғайриманқули андозбандишавандаро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд, ҳар сол на дертар аз 1-уми марти соли ҷорӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқули худ ҳисоби маблағи андозҳо аз молу мулки ғайриманқулро (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои молу мулк), ки бояд дар соли ҷорӣ супоранд, пешниҳод менамоянд. Шакл ва тартиби пешниҳоди ҳисоботи номбурдаро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
  2. Ҳисоби маблағҳои андозҳои пардохтшаванда аз молу мулки ғайриманқули (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) шахсони воқеӣ, ки онро дар фаъолияти соҳибкории худ истифоданамебаранд, аз ҷониби мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқул амалӣ карда мешавад. Шахсони воқеии пешбинигардидаоид ба маблағҳои ҳисобшудаи андоз аз молу мулки ғайриманқул бояд дар мўҳлати на дертар аз 1-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андози дахлдор огоҳонида шаванд. Шакл ва тартиби огоҳинидани шахсони номбаршуда оид ба маблағҳои андозҳои молу мулки ғайриманқулро мақоми ваколатдори андоз муқаррар менамояд.
  3. Агар бо ягон сабаб огоҳинома оид ба маблағҳои андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ба шахси воқеие, ки чунин молу мулкро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебарад, нарасида бошад, чунин шахси воқеӣ ўҳдадор аст ҳисобҳои андозҳоро аз мақоми андози маҳалли ҷойгиршавии ин молу мулк гирад ва (ё) мустақилона маблағҳои андозҳои пардохтшавандаро дар мўҳлатҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур супорад.
  4. Оид ба қитъаҳои замини аз нав ҷудокардашуда (бадастовардашуда, гирифташуда) ва (ё) объектҳои молу мулки ғайриманқули шахсоне, ки дар қисми 1 ҳамин модда муайян шудаанд, ҳисоби андозҳо бояд дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи ҷудокунӣ (бадастоварӣ, гирифтан) пешниҳод карда шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …