Главная / Ҷамъият / Тартиби умумии ҳисоб ва пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул

Тартиби умумии ҳисоб ва пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул

Моддаи 280-и Кодекси Андоз. Тартиби умумии ҳисоб ва пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул

  1. Ҳисоб намудани андозҳо аз молу мулки ғайриманқул (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) бо роҳи зарб задани манбаи андоз ба меъёрҳои дахлдори андоз оид ба ҳар як объекти андозбандӣ алоҳида сурат мегирад.
  2. Андозҳо аз молу мулки ғайриманқул аз моҳи минбаъдаи моҳе, ки дар он андозсупоранда ҳуқуқи истифодаи (ё ихтиёрдории) объекти андозбандиро ба даст овардааст (гирифтааст), ҳисоб карда мешавад.
  3. Ҳангоми қатъ гаштани ҳуқуқи истифодаи (ё ихтиёрдории) объекти андозбандӣ андозҳо аз молу мулки ғайриманқул барои миқдори воқеии моҳҳои истифода (ё ихтиёрдорӣ) намудани объекти андозбандӣ, аз ҷумла моҳи қатъ гаштани ҳуқуқҳои пешбинигардида ҳисоб карда мешавад.
  4. Ҳангоми дар давоми соли тақвимӣ гузаронидани заминҳо (маҳалли аҳолинишин) аз як категирияи замин (маҳалли аҳолинишин) ба категорияи дигар, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул барои соли ҷорӣ аз андозсупорандагон мувофиқи меъёрҳои қаблан барои чунин заминҳои маҳалли аҳолинишин (гурўҳи заминҳо) муқарраргардида, дар соли оянда бошад, тибқи меъёрҳои барои категорияи нави заминҳо (маҳалли аҳолинишин) муқарраргардида, ситонида мешавад.

Ҳангоми барҳам додани маҳалли аҳолинишин ва дохил намудани қаламрави он ба таркиби дигар маҳалли аҳолинишин дар қаламрави маҳалли аҳолинишинибарҳамхўрда меъёри нави андозҳо аз молу мулки ғайриманқул аз 1-уми январи соли минбаъдаи соле, ки дар он барҳамдиҳӣ ба вуқўъ омадааст, татбиқ мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …